83138 2-40-07

Аёдати собиқадорони меҳнат

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати собиқадорон ва нафароне, ки дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ заҳмати арзанда кардаанд, дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста иқдоми шоиста роҳандозӣ мегардад. Санаи 7 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба аёдати  якчанд нафар собиқадорони меҳнат, ки солиёни зиёд дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ кор кардаву соҳиби иззат шудаанд ва дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он ёдоварӣ намуданд, рафтанд. Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан собиқадорони меҳнатро бо фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод намуда, баҳрашон даврони пурсаодати пириро орзу намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба собиқадорони меҳнат кӯмаки яквақтаи моддиву пулӣ расониданд.