83138 2-40-07

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛАҲОИ ДУРДАСТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳал Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” пайваста  доир мегардад.

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста бо сокинон роҳандозӣ гардида истодааст. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста  миёни  қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  аъзои  фаъоли ХХДТ дар шаҳри Норак раиси маҳалаи Навдеи шаҳри Норак Садуллоев Ҳабибулло ва  бародараш Садуллоев Сайфиддин  бо ҷалби  ҷавонони фаъоли  маҳал  зиёда 1 км роҳҳои байни кӯчаҳои маҳаллаи худро мумфарш намуданд.