83138 2-40-07

НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН РАСОНИДА ШУД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ятимону маъюбон, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба 5 нафар маъюбони гурӯҳи якум ҳар моҳ 500 (панҷсад) сомонӣ ба ҳар кадоме нафақаи ҳизбӣ дода мешавад. Дар ин замина нафақаи ҳизбии моҳи август аз тарафи мудири шуъбаи молия- сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Саторов Ҳасан ба маъюбони гурӯҳи якум Абдуллоев Асадулло ва дигар маюбон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ мудири шуъбаи молия- сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.