83138 2-40-07

Ҳадаф аз таъмири ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи шогирдон

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14  августи соли равон  масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Норак Боев Умед бо мақсади аз таъмири ҷорӣ баровардани муасисаҳои таълимии шаҳри Норак ошноӣ пайдо намуд. Дар  МТМУ №5 -и шаҳр  бо кӯмаку дастгирии Кумитаи падару модарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ таъмири муассисаи таълимии мазкур  ва дохили синфхонаҳо бо сифати баланд аз таъмир бароварда  шудаанд.

Ҳадаф аз таъмири ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбияи шогирдон мебошад. Бо зебогардонии синфхона ва муассиса ҳисси зебоипарастии насли наврас низ зиёд мегардад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи шогирдон мебошад.

Тибқи Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муҳити муассисаи таълимӣ оғоз гардид.  Дар ин асос ҳамаи хонандагони синфҳои якум дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбия машғул мебошанд.