83138 2-40-07

САРБОЗИ ИХТИЁРӢ – ИФТИХОРИ МО

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷараёни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Раҳмонов Фирӯз  сарбози ихтиёрӣ Раҳмонов Саъдӣ Сабзалиевич, хатмкардаи Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон, ихтисоси таъминоти барқ сокини Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, кӯчаи Боқӣ Раҳимзода хонаи №43 –и шаҳри Норак барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ба Кумитаи иҷроия муроҷиат намуд.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак зимни сӯҳбат бо Раҳмонов Саъдӣ иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро ба ҷо биёрад.

Дар идома Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба даъватшаванда тибқи аризаи шахсии худ ба сафи ҲХДТ шомил карда шуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуданд.