83138 2-40-07

Рафти амалишавии амалиёти муштараки “Мактаби ман”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур  ва  Вакили Маҷлиси вакилони халқ Одиназода Санавбар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4  дар деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин  аз рафти амалишавии амалиёти муштараки “Мактаби ман” дар муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар натиҷа аз ҷониби  Асоева Шабнам  директори  муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумии  №4 ба номи Алимаҳмад Мирзоеви шаҳри Норак иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалиёти мазкур собиқ хатмкунандагони  муассиса таълими  тасмим  гирифтанд, ки 28 синфхонаҳои мактабро, ки ба таъмир ниёз дошт, аз нав таъмири  пурра намоянд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми  маблағи сарфшаванда дар  синфхонаҳои таъмиршаванда зиёда аз 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то ин давра қисми аз ин маблағҳо сарф карда шудааст. То имрӯз баъзе аз синфхонаҳо аллакай таъмирашон ба итмом расидааст. Ташаббускорон тасмим доранд, ки дар рӯзҳои наздик таъмири синфхонаҳоро ба итмом расонанд ва дар соли нави хониш хонандагон аз онҳо васеъ истифода намоянд.