83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСИ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 июли соли 2023 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳр бахшида таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки намояндаи филиали филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак, бо иштироки соҳибкорони бозори "Сайёра"-и шаҳри Норак доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар муассисаи мазкур намояндагии ФИҶТ дар шаҳри Норак таъсис дода шуда, бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонон дар муассисаи мазкур бо овоздиҳии иштирокчиён интихоб карда шуда, зимнан аз ҳисоби кормандони ин муассиса аъзоён ба филиали Иттифоқи ҷавонон аъзо карда шуданд.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки то охири моҳи август чунин вохурӣ ва мулоқотҳо дар дигар ташкилоту муассиса доир хоҳанд гашт.