83138 2-40-07

КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ИДОМА ДОРАНД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Норак ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд.

Маъракаи мумфаршкунии роҳу кӯчаҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо маҳсуб ёфта, имрӯзҳо бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон таъмири роҳҳои кӯчаи Табар Қурбон дар шаҳри Норак  идома дорад.

Боиси қаноатмандист, ки вусъати корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаҳои шаҳр бо иштироки васеи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ба кори хайрхоҳонаю дастҷамъона табдил ёфтааст.

Дар як руҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ ва иқдоми соҳибкороне, ки дар маҳаллаи зикргардида зиндагӣ мекунанд ҳамзамон дастгирии сокинони маҳалла дар ин кори хайр баҳри ободии шаҳр назаррас аст.