83138 2-40-07

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” пайваста доир мегардад

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳал Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” пайваста  доир мегардад.

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон роҳандозӣ гардида.    Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро  пайваста  миёни  қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва вакили Маҷлиси вакилони халқи  шаҳр Фароғатзода Насиба  иштирок доштанд.  Аксияи ҳизбӣ сангфаршкунии бо ҷалби  соҳибкорони  маҳал, саховатмандон  ва   ҷавонони фаъоли  маҳалаи Энергетики шаҳри Норак доир гардида барои ободонии маҳалаи худ саҳм гузоштанд.