83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ НОРАК"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Норак аз тарафи масъулини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак, бо кормандони нозироти андози шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд