83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" БАЙНИ КОРМАНДОНИ ИДОРА, ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИ ВА МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ҷадвали баргузории соҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, ёрдамчии прокурори шаҳр Султонзода Баҳодур ва раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо донишҷӯёни Филиали муассисаи ғайридавлатии таълими "Колеҷи тиббӣ иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак вохӯриву мулокот баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд.