83138 2-40-07

ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОН ВА ОМӮЗГОРОН

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Роҳбалад” дар шаҳри Норак санаи 08.06.2023 дар МТМУ №1 дар бораи амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,, Дар бораи ватандӯстӣ бо иштироки ёрдамчии калони прокурори шаҳри Норак Султонзода Б ва Ҳакимзода З.М-муовини раиси шаҳр вохӯрӣ бо хонандагону кормандон доир гардид.

Меҳмонон доир ба масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъгардида, самаранок истифода бурдани телефони мобилӣ, махсусан, шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар байни насли наврас, ҳимояи марзу буми Ватан, эҳтиром намудани суннатҳои миллӣ, ҷалб намудани хонандагон ба озмунҳои шаҳрӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳое, ки иҷрояшон саривақтист ба аҳли нишаст корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.