83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №1

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи баргузории Соати  сиёсӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни хонандагони синфҳои 9 ва 11-ум дар муассисаи таълимии №1- и шаҳри  Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки дар шаҳри Норак  Зуҳурова Дилбар ва бахши умумии Ҳукумати шаҳр Раҳимов Хуршед оид ба масъалаҳои манъ будани “Занги камолот”  пешгирии зиёфатҳо ба ҳамсинфон ва сайругаштҳои бемавқеъ дар байни хатмкунандагон аз 27.05.2023 дар МТМУ и рақами 1-и шаҳри Норак суханронӣ намуданд.                                                                        

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.

Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.