83138 2-40-07

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ-и №22 дар деҳаи Навде

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22, деҳаи Навде синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда мешавад.

Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида, бо саҳми маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ бунёд меёбад. Ташаббускорони иқдоми созандагӣ раиси маҳалаи деҳаи Навде Садуллоев Ҳабиб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Навде” Саидов Анвар ва ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи мазкур дастаҷамъона баҳри ободию шукуфоии маҳалли  худ бо дасту дили гарм ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шуруъ намуданд.

Дар нақша доранд, ки синфхонаҳои мазкурро то арафаи соли нави таҳсили 2023-2024 сохта ба хонандагони МТМУ № 22 туҳфа намоянд.

Дар воқеъ давлату Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ эълон дошта, дар ин самт тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.