83138 2-40-07

Рӯзи Ёдоварӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7- майи  соли ҷорӣ дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи ОРОМГОҲҲО зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аъзоёни бахши Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти  унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ”  дар оромгоҳҳои “Шар-Шар” ва “Аслихо”доир карда шуд.

Дар ин рӯз беш аз 850  нафар сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи “Шар-Шар” ва “Аслихо”  баромада,  барои тоза намудани гирду атрофи дохили  оромгоҳҳо ва дуо барои гузаштагонашон намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.