83138 2-40-07

Ташаббусҳои мардуми деҳаи дурдасти “Навде”-и шаҳри Норак

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Деҳаи Навдеҳ яке аз деҳаи дурдасти шаҳри Норак буда, дар беш аз 1500 нафар аҳолӣ  зиндагӣ  мекунанд. Ҳамчунин дар деҳа МТМУ-№22 низ фаъолият мекунад. Дар муассиса омӯзгорони ботаҷриба зиёда аз 297 нафар хонандагонро дар рӯҳияи  ватандӯсти  таълим медиҳанд.

Раиси деҳаи дурдасти “Навдеҳ” Садуллоев Ҳабиб буда, дар давоми фаъолияти кориашон  дар  корҳои ободонии деҳа саҳми хешро гузоштааст Сокинони деҳаи Навдеи деҳоти Дўконӣ барои таҳким бахшидани корҳои ободонӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро давоми солҳои 2018-2022  барои маҳалли худ  як қатор корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.

Ободии диёр аз хона, кўча, деҳа ва шаҳр оғоз меёбад. Сокинони деҳаи Навде бо мақсади беҳтар намудани шароити роҳи байни деҳа соли 2018 бо тариқи ҳашар масофаи 3 километр роҳро асфалтпўш намуда, зиёда аз 5 километр роҳро сангфарш намуданд.

Ҳамчунин пуле, ки деҳаро ба самти шаҳр мепайвандад ва солҳои дароз таъмирталаб буд, бо саҳми сокинон ба андозаи 8х10 аз оҳану бетон сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2021 бошад, бо  дастгириву ташаббуси раиси маҳалла, фаъолон, шахсони саховатпеша ва мардуми деҳаи Навде роҳи байни кўчаҳо дар масофаи  400  метр бетонпўш ва зиёда аз 9 км сангфарш  гардид. Аввали соли 2022 бошад, 500 метр роҳи дигар асфалтпўш карда шуд.

Бо дастгирии сокинони деҳа дар соли 2023 бошад дар деҳаи номбурда зиёда аз  450 метр бо роҳи сангфаршкунӣ, зиёда аз 150 метр мумфаршкунии кӯчаҳо, таъмири муассисаи таълимӣ  саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон нақша доранд, ки  дар муассиса 4 синфхонаи замонавии иловагӣ,  ошхона ва ҳезумхона сохта ба истифода дода шавад.