83138 2-40-07

Бетонпӯш намудани кӯчаҳои Энергетик ва Братскии шаҳри Норак аз тарафи ҷонибдорони ҳизб

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳал Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” доир гардид.

Ҳамчунин аъзоёни фаъоли ҲХДТ бо ҳамкорӣ ва дастгирии мардуми маҳалла дастаҷамъона ба таъмиру азнавсозии роҳҳои байни кӯчаву маҳал бахшида ба рӯзӣ  9-май рӯзи ғалаба  саҳми худро гузошта истодаанд.  

Дар маҳалаҳои  Энергетик  ва Братскии шаҳри  Норак бо ташаббуси ҷавонмардони бонангу номуси ватандӯст зиёда аз 45 метр роҳҳои кӯчаҳоро бетонпӯш намуданд.