83138 2-40-07

ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 апрели соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Норак Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин амалиёти муштарак директори мактам Беҳрӯзи Асадулло  ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои зерин дида баромада шуд:

1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳи апрел;

2.Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ;

3.Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатархои ҷомеа;

4.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намоянд;

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеъа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад.

Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №15 дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву  меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.