83138 2-40-07

Гузаронидани "Соати сиёсӣ" дар муассисаҳои таълимии шаҳр

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи  амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи 29  апрели    соли 2023  дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  Соати сиёсӣ баргузор  гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои  зерин доир  карда  шуд.  Вазъи сиёсии   Тоҷикистон ва    ҷаҳон, шаҳру  тавзеҳи Паёми  Роҳбари давлат,  тарбияи  ҳарбии ватандӯстии  ҷавонон, ҷалби сарбози  ихтиёрӣ  ба  хизмати  ҳарби, интихоби  касб, истифодаи дурустӣ  телефони  мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ  суҳбат  гузарониданд.

Дар  ҷараёни  “Соати  сиёсӣ”  муовини раиси шахри Норак Хакимзода  Зухро, мудири  шуъбаи  маорифи шахр  Хайдарзода Садбарг,  мудири бахши кор ва чавонон ва варзиши шахр Зайниддинов Азамат иштирок ва суханрони намуданд.