83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни донишҷӯёни Филиали Коллеҷи тибии-иҷтимоии Левакант дар шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он масъулини бахшҳои кор бо ҷавонон, занон, комиссияи ҳуқуқи кӯдак, намояндаи ШВКД дар шаҳри Норак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.

Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.