83138 2-40-07

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №16- И ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни ҷавонони 14- 16 сола ва волидайни онҳо дар муассисаи таълимии №16- и деҳаи Наи зирак Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат, муовини раиси ҷамоати деҳоти Дӯконӣ Наботов Искандар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.

Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.