83138 2-40-07

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №7- И ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни ҷавонони 17-18 сола дар муассисаи таълимии №7- и деҳаи Кибил Ҷамоати деҳоти Пули Сангин шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.

Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.