83138 2-40-07

ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲОТҲОИ ДУРДАСТӢ ШАҲРИ НОРАК АМАЛӢ МЕГАРДАД.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро  пайваста  миёни  қишрҳои гуногуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Оилаи Холназаровҳо ва  Турахоновҳо  бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи  Дӯконӣ -3 ҷамоати  деҳоти Дӯконии  шаҳри  Норак дар доираи ташаббуси ҳизбии Аксияи  “Якҷоя  месозем” корҳои  созандагиро  бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ   ташкил  намуданд.

Ҷавонони ватандӯсти  ин  деҳа  барои  гузаронидани  7 км хати оби нӯшокӣ, 3,5 км асфалтпӯш  кардани роҳҳои маҳал, 2 км сангфарш, 1,5 км бетонпӯш   карда   истода,  иқдом гирифтанд, ки дар оянда корҳои ободониро дучанд карда,  ҳамчун сокинони  меҳанпараст  барои диёри худ саҳмгузор бошанд.

Оилаи Холназаровҳо ва  Турахоновҳо бо   корҳои ободонӣ ва созандагиашон  симои  ин маҳаларо дигаргун  месозад.