83138 2-40-07

“Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1 апрели соли ҷорӣ  дар доираи Амалиёти  муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1  “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он мутахассиси шуъбаи омор ва маҳзани ягонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Сабрина Мусулмонзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ёров Салим, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 10-11  иштирок доштанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ёров Салим оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсии ҷаҳон, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ- худогоҳии миллӣ, интихоби касб, омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, пешгирии наврасон ва ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо хонандагон суҳбат намуд.  

Ҳамчунин дар бораи рафти дарсазхудкунӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таҳкими ваҳдат суханронӣ намуда, аз хонандагон ҷиҳати омодагӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ масъулияти бештар талаб намуданд.   

Оид бо масъалаҳои болозикр  бо хонандагон саволу ҷавобҳо ташкил карда шуд.