83138 2-40-07

САРБОЗИ ИХТИЁРӢ – ИФТИХОРИ МО

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷараёни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Мирзоев Исмоил Саидмуродович, сокини маҳаллаи Энергетик, кӯчаи Айнӣ  хонаи №1 шаҳри Норак барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ба Кумитаи иҷроия муроҷиат намуд.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак зимни сӯҳбат бо Мирзоев Исмоил иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро ба ҷо биёрад.

Санаи 1 апрели соли ҷори  раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан ва муовини раиси шаҳр Маҳмадизода Хайриддин  бо як ифтихор ва рӯҳияи идона  шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии ҲХДТ  ва туфаи хотирмонро  ба даъватшаванда супориданд.