83138 2-40-07

Амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ  дар доираи Амалиёти  муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4  “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тутқавул” Калугов Нарзулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Одиназода Санавбар, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.

Соати сиёсӣ   мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар бар гирифт. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур  оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсии ҷаҳон, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ- худогоҳии миллӣ, интихоби касб, омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, пешгирии наврасон ва ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо хонандагон суҳбат намуд.  

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Одиназода Санавбар дар бораи рафти дарсазхудкунӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таҳкими ваҳдат суханронӣ намуд. 

Оид бо масъалаҳои болозикр  бо хонандагон саволу ҷавобҳо ташкил карда шуд.