83138 2-40-07

Мушкилоти деҳот ҳал мешавад

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси маҳалаи Навдеи шаҳри Норак Садуллоев  Ҳабибулло  яке аз ҷавонони  ватандӯсти  маҳал  барои ободу зебо гардидани маҳали худ  бо сокинонаш  талош меварзад.

Дар доираи  ташаббуси ҳизбии  “Якҷоя  месозем”  Садуллоев  Ҳабибулло   барои боз  ҳам зебо гардонидани маҳалаи Навде  ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  омада,  корҳои  созандагиро  бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  бо  раиси  Кумитаи  иҷроияи шаҳрӣ  Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  баррасӣ  намуданд.