83138 2-40-07

Саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маъракаи ниҳолшинонии шаҳр

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  15-уми марти    соли  ҷорӣ  дар асоси нақша- чорабиниҳои ташкилоти ибтидои “Роҳбалад”-и мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак, ташкилотҳои  ибтидои  шаҳр ва бахши  намояндагии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  бо мақсади  ҷангалпӯш намудани   талу теппаҳои  шаҳр  дастаҷамъона ба ҳашар  баромаданд.

Дар  доираи ҷангалпӯш намудани   талу теппаҳои  шаҳр  ниҳоли   ҳамешасабз,  ороишӣ,  сояафкан ва  барои  омода  намудани  ҷой  барои  ниҳолшинонӣ  омода карда  шуда, ниҳолҳо  шинонида шуданд.

Ташкилотҳои  ибтидои ҳизбии  шаҳр, ва бахши  намояндагии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан” дар  шаҳр  баҳри зебоӣ ва гулгуншукуфоии мамлакати биҳиштосои худамон камари ҳиммат бастанд, чунки Тоҷикистон ва зебогии атрофи он ифтихори мост.