83138 2-40-07

НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН РАСОНИДА ШУД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва бандҳои  нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан санаи 15 марти соли 2023 дар арафаи  ҷашни Наврӯз  ба  маъюби гурӯҳи якум  Аюби Абдуҳамид  сокини  шаҳри Норак  нафақаи ҳизбӣ дода шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки аз моҳи январи соли 2022 сар карда, се нафар сокини шаҳр ва ду нафари дигар аз моҳи январи соли 2023  ба рӯйхат гирифта  шуда,  ҳар моҳ 500 (панҷсад) сомонӣ ба ҳар кадоме нафақаи ҳизбӣ дода мешавад