83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани  ҳар як гӯшаи диёр санаи 14 марти соли равон аз ҷониби кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр  дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҳашари умумӣ баргузор карда шуд.

Дар ҳашари мазкур кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр гулгашт ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партов тоза намуда, бехҳои дарахтони сояфканро нарм намуданд.

Инчунин, бо фаро расидани фасли баҳор баҳри боз ҳам зебо гардонидани шаҳрамон дар хиёбону гулгаштҳо гулҳои мавсимии ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуданд.