83138 2-40-07

дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди ҷомеа

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии  “Пули Сангин” бахшида ба иди баҳору Рӯзи Модар ба табақаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоат кӯмаки молию пулӣ расонид

Бояд қайд намуд, ки аёдати беморону маъюбон,  дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ намудан дар ҳаққи шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорони меҳнат яке аз самтҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зимни аёдат  муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Пули Сангин”  Мирзоева Зулайхо Мирзомуродовна  ба занону модарон туҳфаҳо тақдим намуд, ки боиси болидарӯҳи ва хушҳолии онҳо гардид.