83138 2-40-07

НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва бандҳои  нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, мудири  шуъбаи кор бо  ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  намояндагии  ТҶҶ  “Созандагони Ватан”  Раҳимзода  Меҳроҷ ва  раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  ба  чор нафар маъюбон Абдуллоев  Асадулло, Солиев Абдусалом,  Шаҳроми  Дилшод ва Холиқзода  Аюби Абдуҳамид  сокинони  шаҳри Норак  нафақаи ҳизбӣ дода шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки аз моҳи январи соли 2022 сар карда, се нафар сокини шаҳр ва ду нафари дигар аз моҳи январи соли 2023  ба рӯйхат гирифта  шуда,  ҳар моҳ 500 (панҷсад) сомонӣ ба ҳар кадоме нафақаи ҳизбӣ дода мешавад.