83138 2-40-07

Идомаи Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Дар доираи Амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ  бо шуъбаи маорифи шаҳр   дар  Литсейи "Нурбахш"-и шаҳри Норак  Соати сиёсӣ баргузор  гардид.

    Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои  зерин доир  карда  шуд.  Вазъи сиёсии   Тоҷикистон ва    ҷаҳон, тарбияи  ҳарбии ватандӯстии  ҷавонон, ҷалби сарбози  ихтиёрӣ  ба  хизмати  ҳарби, интихоби  касб, истифодаи дурустӣ  телефони  мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ  суҳбат  гузарониданд.
      Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба  сифати   маърӯзачӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  Ғуриева Муслима  ва директори Литсейи "Нурбахш" Қурбонов Комил  иштирок   доштанд.
   Боиси зикр аст, ки нақшаи
амалиёти  муштарак  оид  ба таҳкими низоми  таълиму тарбия  дар муассисаҳои тиълимӣ дар  ҳамбастаги  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб  расидааст.