83138 2-40-07

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва супориши Протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед  Ҳамро ҳар ҳафта  рӯзҳои  ҷумъа  дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешаванд.

   Баргузор  намудани  хонишҳои  сиёсӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Роҳсоз” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  дар бораи «Соли байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», соҳибистиқлолии  кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ дар ниҳоди ҳар як сокини мамлакат маърӯза карда  шуд.