83138 2-40-07

МАКТАБ ДАРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ!

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати  татбиқи  Амалиёти  муштараки  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  ва  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  таҳкими  низоми  таълиму  тарбия  дар  муассисаҳои  таълимӣ муовини раиси шаҳри Норак узви фаъоли ҲХДТ  Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, мудири шуъбаи  маорифи  шаҳр Ҳайдарзода Садбарг аз рафти сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак ки бо дасгирии шахсони саховатпеша ва барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ шуда истодааст, дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ аз рафти сохтмон Зуҳро Ҳакимзода ба сифати сохтмони синфхонаҳои иловагӣ баҳои хуб дода, барои ҳарчи зудтар ва босифати баланд ба истифода додани синфхонаҳо ба шахсони масъул маслиҳатҳои судманд дод.