83138 2-40-07

ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲОТҲОИ ДУРДАСТ АМАЛИ МЕГАРДАД.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро  пайваста  миёни  қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳалаи дурдастарини  Навдеи  шаҳри  Норак  Садуллоев  Ҳабибулло бо ҷалби  аъзоён  ва фаъолони  ҲХДТ   дар ташкилоти ибтидоии “Навде”-и  Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак ба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони деҳот роҳҳои кучаи байни деҳаи Навдеро  сангфарш  гардониданд.