83138 2-40-07

РАФТИ БАРГУЗОРИИ "ХОНИШҲОИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дӯст доштани ватан, ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонписарон дар рӯҳияи ҳарбӣ-Ватандӯстӣ мебошад.

Чунин чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии "Ваҳдат" баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуда бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлиги ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ибрози андеша карда шуд.