83138 2-40-07

Идомаи амалиёти “Соати сиёсӣ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон санаи 28 январи соли 2023  дар муассисаи таълимии №4 –и деҳаи Тутқавули   шаҳри Норак  Амалиёти муштарак  зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар амалиёти  “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии зикршуда муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Одиназода Санавбар,  лейтенанти калони милитсия, нозири калони ШКД дар шаҳри Норак Ҳайдарзода Ҳусейн ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №4 иштирок намуда, вобаста ба мавзуҳои зерин:

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

- Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

-пешгирии ҳуқуқайронкунӣ  миёни ҷавонону наврасон

 маърӯза намуда, қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.