83138 2-40-07

Амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак  амалиёти муштараки ҲХДТ  ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” баргузор карда мешавад.

Санаи 31 декабри соли 2022 вохӯрии мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис дар МТМУ –и №15 шаҳри Норак бо иштироки директори муасссисаи таълимӣ, раиси маҳалла ва омӯзгорону хонандагон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихори миллӣ доштан, содиқ будан ба Ватану миллати худ ва инчунин вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии кишвар сухан карданд.