83138 2-40-07

ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲОТҲОИ ДУРДАСТ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро  пайваста  миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳр дар деҳаи Хоҷабдолони Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ ба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони деҳот роҳҳои байни деҳаи Хоҷаабдолон ва деҳаи навбунёд сангфарш карда шуда, 10 дона симчуби бетонӣ барои гузаронидани хати барқ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ харидори ва насб карда шуд.