83138 2-40-07

Гузаронидани вохӯрӣ доир ба амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи Амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи  26  ноябри  соли 2022 дар МТМУ-и  №2    Соати сиёсӣ баргузор  гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои  зерин доир  карда  шуд.  Вазъи сиёсии   Тоҷикистон ва    ҷаҳон, тарбияи  ҳарбии ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози  ихтиёрӣ  ба  хизмати  ҳарби, интихоби  касб, истифодаи дурустӣ  телефони  мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ  суҳбат  гузарониданд.
 Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ”     раиси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак  Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан,   Вакили Маҷлиси вакилони  халқи  шаҳр   Исоқов  Саъди  ва  мудири  шуъбаи кор  бо  занон ва  ҷавонон  Ҳасанова  Наргис  иштирок доштанд.
 Боиси зикр аст, ки нақшаи
амалиёти  муштарак  оид  ба таҳкими низоми  таълиму тарбия  дар муассисаҳои тиълимӣ дар  ҳамбастаги  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб  расидааст.