83138 2-40-07

Идомаи Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи  26  ноябри  соли 2022 дар Литсейи "Нурбахш"-и шаҳри Норак  Соати сиёсӣ баргузор  гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои  зерин доир  карда  шуд.  Вазъи сиёсии   Тоҷикистон ва    ҷаҳон, тарбияи  ҳарбии ватандӯстии  ҷавонон, ҷалби сарбози  ихтиёрӣ  ба  хизмати  ҳарбӣ, интихоби  касб, истифодаи дурустӣ  телефони  мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ  суҳбат  гузарониданд.
Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба  сифати   маърӯзачӣ  Маҷлиси вакилони  халқи  шаҳр  Сафарова Аслия  мутахассиси  шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Норак  Холбобоева  Чамангул иштирок доштанд.
Боиси зикр аст, ки нақшаи
амалиёти  муштарак  оид  ба таҳкими низоми  таълиму тарбия  дар муассисаҳои тиълимӣ дар  ҳамбастагӣ  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб  расидааст.