83138 2-40-07

Амали неки ҷавонмардони ободкору созанда

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳафтаи дуюм аст, ки бо ташаббусу дастгирии вакили Маҷлиси вакилони  халқи  шаҳри  Норак  Исоқов Саъдӣ ва Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Норак  корҳои роҳсозӣ дар маҳаллаи Лангар босуръат пеш рафта истодааст. Бояд қайд кард, ки ин гуна корҳои ободонӣ маротибаи чандум аст, ки роҳандозӣ карда мешавад, ки аз ин мардуми маҳалла изҳори қаноатмандӣ доранд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ҳамаи дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъйу кӯшиши худро баҳри ободию пешрафти маҳаллу сарзамини худ равона сохта, аз пайи ободкориву бунёдкорӣ бошанд.