83138 2-40-07

РОҲСОЗӢ КОРИ ХАЙР АСТ.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву  бунёдкорӣ дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонӣ баргузор гардида истодааст.

Ҳамасола дар вақтҳои боронҳои шабонарӯзӣ мардуми маҳаллаҳои Лангар, Пехо ва Калтачинор бо сабаби фуромадани сел  ва роҳи мошингард  пурра хароб шудан,  барои ба шаҳр баромадан азият мекашанд.

Кумитаи  иљроияи  Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Норак  дар якҷоягӣ бо Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Исоқов Саъдӣ  Ниматуллоевич  ва Хоҷаев Мансур Пирумшоевич ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини номбаршуда  дар мавсими боришҳои пайдар пай  корҳои тозакунии заҳбуру заҳкашон бо маром пеш рафта, заҳбуру ҷӯйборҳо аз лойқа тоза карда шуд.

Ин ииқдом аз тарафи вакилони халқ роҳандозӣ шуда, сазовори бовариву эътимоди мардуми маҳалла гардидааст.