83138 2-40-07

Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи 29 октябри соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12  Соати сиёсӣ баргузор  гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзӯҳои  зерин доир  карда  шуд. Нақши  Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  дар  давлатдории  навини  тоҷикон, Вазъи сиёсии  Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тарбияи ҳарбии ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии  Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ.
Дар  ҷараёни
 “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ фаъолони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок доштанд.
Боиси зикр аст, ки нақшаи
амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми  таълиму тарбия  дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастагии  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.