83138 2-40-07

ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА ВА МИНТАҚАИ ИСТИРОҲАТИИ ЛАБИ ДАРЁ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар шаҳри Норак бунёди меҳмонхона ва минтақаи истироҳатии "Соҳили лаби дарё" дар деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ба масоҳати 1,45 га мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати сохтмони минтақаи истироҳатии мазкур 1625 м-2 буда, лоиҳаи меҳмонхона аз ҷониби ШММ "Бинокор" тартиб дода шуда, маблағи сохтмон ва таҷҳизонидан 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Минтақаи истироҳатии " Соҳили лаби дарё" дорои меҳмонхонаи сеошёна, аз ҷумла дар ошёнаи якум ошхона, дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм меҳмонхона барои 50 ҷой дар як шабонарӯз пешбинӣ шуда, пудрадчӣ-соҳибкори маҳаллӣ Асоева Мавҷуда буда, 10 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Зарур ва ба ёдоварист, ки меҳмонхонаи мазкур бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, майдони он пурра бетонпӯш, бо 12 адад чароғакҳои равшанидиҳанда насб карда шуда, заминҳои ҳудуди он майсазор, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

Баҳри дар сатҳи баланд расонидани хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ минтақаи истироҳатӣ дорои 2 адад ҳавзи шиноварӣ 8 адад айвонҳои нишаст, майдончаи бозии футбол ва таваққуфгоҳ буда, майдони он бо хусахои ҳайвонҳои нодир ороиш дода шудааст.

Ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар дохили кули сунъӣ меҳмонхона дар шакли киштӣ дар дохилаш ҷойи хоб, ҳамом (сауна), ҳавзи оббозӣ ва нуқтаи хизматрасонии обҳои ташнашикан сохта шудааст.