83138 2-40-07

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ 5-ОШЁНА ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар шаҳри Норак бунёди бинои истиқоматии 5-ошёна ба масоҳати 732 м-2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати сохтмони бинои истиқоматӣ 495 м-2 буда, лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби ҶСК "Меъморӣ ва шаҳрсозӣ" тартиб дода шуда, маблағи сохтмон 4 миллиону 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои истиқоматӣ аз ҷониби пудратчӣ-соҳибкори маҳаллӣ Турдиев Наим дар 5 ошёна бунёд гардида, дорои 48 ҳуҷра аз ҷумла, 12 адад 1-ҳуҷрага, 30 адад 2-ҳуҷрага, 6 адад 3-ҳуҷрага, таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад.

Зарур ба ёдоварист, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба ин васила дар онҳо мавсими муайян бо ҷойи кор таъмин буданд.

Майдони бинои мазкур пурра сафолакпӯш ва бо 4 адад чароғакҳои равшанидиҳанда муҷаҳҳаз гардида, дорои ҳавзи шиноварӣ, майдончаи бозии кӯдакона, майдонҳои бозии футбол, волейбол ва обутоби бадан барои наврасону ҷавонон буда, заминҳои ҳудуд майсазор ва гулу гулбутта, дарахтони ороишию ҳамешасабз дар гирду атрофи он шинонида шудаанд.