83138 2-40-07

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ "САЙЁҲ" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар шаҳри Норак бунёди маркази хизматрасонии "Сайёҳ" воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Норак ба масоҳати 600 м-2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

      Масоҳати сохтмони хизматрасонии мазкур 280,3 м-2 буда, лоиҳаи меҳмонхона аз ҷониби ШММ "Бинокор" тартиб дода шуда, маблағи сохтмон 210 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

     Меҳмонхона аз ҷониби пудратчӣ-соҳибкори маҳаллӣ Толибов Сафарбек дар 2-ошёна бунёд гардида, дар ошёнаи якум ошхона бо 40 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм нуқтаи савдо пешбинӣ шуда, дар деҳаи Хучалони ҷамоати деҳоти Дӯконӣ ҷойгир гардида, 3 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад намуд.

      Майдони маркази хизматрасонӣ пурра бетонпӯш гардида, бо чароғакҳои равшанидиҳанда муҷаҳҳаз ва гулу гулбутта ва дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.