83138 2-40-07

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУМУ ШАҒАЛ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар шаҳри Норак бунёди корхонаи истеҳсоли қуму шағал мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби КФД "Лоиҳакаш" тартиб дода шуда, аз ҷониби пудратчӣ-соҳибкори маҳаллӣ Назаров Абдукарим дар деҳаи Дӯконӣ Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо маблағи 2 миллиону 227 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 6 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кории доимӣ таъмин менамояд.

Боиси қайд аст, ки таҷҳизотҳои корхонаи мазкур аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, васлу насби онҳо аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Корхонаи истеҳсоли 5 намуди маҳсулотро ба роҳ монда, иқтидори лоиҳавиаш 63 ҳазор м-3 дар як сол мебошад.