Исломзода Саидҷони Иброҳим – Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод

10-уми июни  соли 1993 дар шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон  дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Муъминобод гирифта, соли 2009 ба бахши рӯзонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, факултаи гидромелеоративӣ дохил мешавад. Донишгоҳро  соли  2013 бо гирифтани диплом аз рӯйи ихтисоси муҳандиси сохтмони  иншоотҳои гидротехникӣ хатм менамояд.

Баъди хатми донишгоҳ  аз соли 2013 то соли 2014 мутахассиси шуъбаи техникии иттиҳодияи истеҳсолии обёрии минтақаи Кӯлоб, аз соли 2015  то соли 2018 мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминободро бар уҳда дошт.

 Соли 2018 магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2018 то декабри соли 2019 дар вазифаи ҷонишини раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод адои вазифа намуддааст.

Аз январи соли 2020 то соли 2022 фаъолияти меҳнтии худро  ба сифати директори корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Муъминобод   идома дода аз соли 2022 инҷониб дар вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод фаъолият намуда истодааст.

       Оиладор,  соҳиби 2 фарзанд.